ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Search
Close
Институти тибби ветеринарӣ усулҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои чорвою паранда, занбури асал, моҳӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти онро таҳия ва тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд.
Previous
Next
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Рамзҳои давлатӣ
Маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхиси COVID-19 ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
28.12.2021
28 декабри соли 2021 маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайян намудани бемории COVID-19 ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Таҷҳизот аз ҷониби Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА) дар доираи лоиҳаи INT0098 барои таҳкими иқтидори миллии озмоишгоҳҳои таъиншуда дар мубориза бо пандемияи COVID-19 пешкаш шудааст.
Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ таҷҳизотро аз номи АБНА ба президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва директори Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Атовуллозода Раҷабмурод супорид. Дар навбати худ, онҳо қайд намуданд, ки таҷҳизотҳо барои коҳиш додани паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷойҳои зарурӣ насб карда шуда ва самаранок истифода хоҳад шуд.
Айни замон дар озмоишгоҳи Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон утоқҳои санҷиши бемориҳои сироятӣ ва зоонозҳо бо истифода аз усулҳои анъанавӣ (RBT, CR, IFA, complement fixation reaction, precipitation reaction, diffuse reaction precipitation, neutralization reactions, reaction hemagglutination, hemagglutination inhibition reaction), утоқҳоои санҷиши беморињои сироятии ҳайвонот ва зоонозҳо бо истифода аз усулҳои муоссир (ELISA, real time RT-PCR), утоқҳои ҷудосозии бактерияҳо ва вирусҳо (bacteria isolation and virus isolation boxes) мавҷуд аст.
__________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Facebook
Twitter
Youtube
Instagram