ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Search
Close
Институти тибби ветеринарӣ усулҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои чорвою паранда, занбури асал, моҳӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти онро таҳия ва тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд.
Previous
Next
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Рамзҳои давлатӣ
Татбиқи лоиҳаи миллии АБНА дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
28.12.2021
28 декабри соли 2021 Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА), TAD5006 – Татбиқи усулҳои ядроӣ ва молекулярӣ барои ташхис ва назорати ҳайвоноти фаромарзӣ ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар мулоқот директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Илҳом Мирсаидзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Атовуллозода Раҷабмурод иштирок намуданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур як маҷмӯи системаи батареяи офтобӣ таъмин карда шуда, 5 нафар мутахассиси ҷавон дар Македонияи Шимолӣ ва як нафар дар Австрия оид ба истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои муосири ташхиси бемориҳои сироятии ҳайвонот, аз ҷумла зоонозҳо таҷриба омӯхтаанд.
Инчунин, дар доираи ҳамин лоиҳа ва бо мақсади гузаштани аккредитатсияи стандартҳои ISO 17025 ба нақша гирифта шудааст, ки Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар системаи iVetNet ба қайд гирифта шавад.
__________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Facebook
Twitter
Youtube
Instagram