ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Previous
Next

Институт усулҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои чорвою паранда, занбури асал, моҳӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти онро таҳия ва тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд.Вазифаҳои асосии институт:

Баланд бардоштани самаранокии натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ҳифзи солимии чорвою паранда, занбури асал ва моҳӣ мутобиқ ба талаботи соҳа;


Коркарди назария ва амалияи роҳҳои асосии пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии ҳайвонот ва зоонозҳо, бемориҳои инвазионӣ ва ғайрисироятии чорвою паранда, занбури асал ва моҳӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ;

Пешгирии талафоти чорвои кишоварзӣ, паранда, занбури асал, моҳӣ ва мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо;

Муайянсозии бехатарии маҳсулоти чорво, паранда, занбури асал ва моҳӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ;

Коркард ва мукаммал сохтани технологияи истеҳсоли силсилаи озмоишии маводи биологӣ, кимиётерапевтӣ, маводи ташхисӣ ва татбиқи он дар истеҳсолот;

Тайёр намудани пешниҳодот доир ба самтҳои асосии рушди илми тибби ветеринарӣ ва ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ;

Амалисозии чорабиниҳои асосноки илмӣ, ки беҳбудии ветеринариро дар хоҷагиҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, занбури асалпарварӣ ва моҳипарварии ҷумҳурӣ таъмин менамоянд;

Татбиқу таблиғи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадами тибби ветеринарӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти омор ва кишоварзӣ таъсиси манбаи маълумоти соҳавӣ, манбаи нигаҳдории маводи озмоишӣ - тадқиқотӣ;

Омӯзиши дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, омода намудани таклифҳо дар бораи истифодаи амалии дастовардҳо дар илм ва истеҳсолот, расонидани кумаки илмию методӣ ба мутахассисони хоҷагиҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, занбури асалпарварӣ ва моҳипарварӣ;

Таҳияи лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ – истеҳсолӣ ва амалисозии онҳо дар ҳамкорӣ бо муассиса ва пажуҳишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самарнокии илму истеҳсолот ва мустаҳкам намудани пойгоҳи зеҳниву моддии институт;

Ба роҳ мондани хизматрасонии ветеринарии пардохтшаванда дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии ҳайвонот ва зоонозҳо, бемориҳои инвазионӣ ва ғайрисироятии чорвою паранда, занбури асал ва моҳӣ;

Ташкили клиникаи табобатии ҳайвоноти хонагӣ, ваҳшӣ, корӣ, чорвою паранда, занбури асал ва моҳӣ;

Ташкили паноҳгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ;

Иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, курсҳои омӯзишӣ, намоиши дастовардҳои илмӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмӣ - тадқиқотӣ;

Таӣёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи тибби ветеринарӣ (магистрҳо, номзад ва докторҳои илм);