(+992 37)227-51-92
info@instveterinari.tj
ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Search
Close
Институти тибби ветеринарӣ усулҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои чорвою паранда, занбури асал, моҳӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти онро таҳия ва тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд.
Озмоишгоҳи бемориҳои бактериявӣ ва зоонозҳо
Мудир-номзади илмҳои ветеринарӣ Расулов С.А.
Озмоишгоҳи бемориҳои бактериявӣ ва зоонозҳо соли 1927 ҳамчун озмоишгоҳи серологӣ дар назди озмоишгоҳи ветеринарию бактериологӣ ва касалии сил таъсис ёфтааст.
Озмоишгоҳ соли 2020 аз озмоишгоҳи касалиҳои микобактериозӣ ба озмоишгоҳи бемориҳои бактериявӣ ва зоонозҳо номгузорӣ карда шуд.
Самти асосии тадқиқот дар озмоишгоҳҳо:
Омӯзиши ваъзи эпизоотию эпидемиологии бемории брутселлёз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ташхиси маҷмӯии бемории брутселлёз бо истифода аз усулҳои анаънавӣ ва муоссир;
Омӯзиши паҳноии касалии брутселлёзи қутосҳо дар хоҷагиҳои қутоспарварӣ; Амалисозии чорабиниҳои пешгирӣ ба зидди касалии брутселлёзи қутосҳо дар минтақаҳои баландкуҳи ҶТ;
Татбиқи ваксинаи кимиёвӣ ба муқобили бемории брутселлёзи ҳайвонот ва омӯзиши самаранокии он дар шароити озмоишӣ ва истеҳсолӣ; Тарҳрезии ваксинаи нав бар зидди брутселлёзи чорвои кишоварзӣ ва омӯзиши самаранокии он дар шароити озмоишӣ ва истеҳсолӣ; Тарҳрезии маводиҳои ташхисии брутселлёзи чорвои кишоварзӣ, гирифтани патент оид ба ихтироъ;
Таҳияи дастуру тавсияномаҳо ва мақолаҳои илмӣ. Озмоишгоҳ ба мукаммалгардонии маҷмӯи чорабиниҳо оид ба усулҳои мавҷудаи ташхиси аллергиявӣ, ташхиситафриқавии реаксияҳои ѓайрихоси аллергиявӣ, бактериологӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ корҳои илмӣ – таҳқиқотиро амалӣ менамояд.
Кормандони озмоишгоҳ системаи чорабиниҳои илман асоснокро оид ба солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳои бактериявӣ ва зоонозҳотаҳияи таҳия намуда, онҳоро барои рушди соҳаи чорводорӣ татбиқ менамоянд.
Дар омӯзиши манбаъҳои табии эпизоотологӣ, паҳншавӣ ва ташхиси касалиҳои бактериявӣ ва зоонозҳо бо истифодаи усулҳои муосир ва фаъолияти инноватсионӣ саҳми босазои олимон Н.Х. Ҳасанов, К.И. Михайлов, Н. Ярбаев, А. Ҳабибов, А. Муминов, Д.М. Мирзоев, Б. Каримов, С.Ф. Сатторов, Ҳ.И. Раҷабов., Расулов С., ҷолиби диққат аст.
Маълумот барои тамос
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
№ 215 аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон ба Интситути ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
ш. Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, 43
(+992 37) 227-51-92
info@instveterinari.tj