Муассиса аз соли 1927 фаъолият намуда, ҳамчун Озмоишгоҳи ветеринарии Сталинобод таъсис дода шудааст ва соли 1931 ҳамчун Институти илмӣ-тадқиқотӣ эксперименталии ветеринарӣ номгӯзорӣ гардидааст.
Сипас соли 1932 Стансияи илмӣ-тадқиқотии ветеринарии минтақавӣ ва соли 1933 аз нав ба Озмоишгоҳи ветеринарии бактериологии Сталинобод номгӯзорӣ шуд.
Соли 1943 дар заминаи озмоишгоҳ Стансияи таҷрибавии илмӣ-тадқиқотии ветеринарӣ таъсис дода шуда, соли 1956 ба ҳайати Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон дохил гардида, Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва ветеринарӣ таъсис дода шуд.
Соли 1961 Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарӣ аз Институти чорводорӣ ҷудо гардида, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.