Дар Институт Шӯрои олимон, комиссияи апробатсионӣ, комиссияи методӣ ва комиссияи реҷавӣ тибқи нақшаҳои корӣ фаъолият менамояд, ки аъзои он аз олимони соҳибтаҷриба иборат мебошад.

Шӯрои олимони Институти тибби ветеринарӣ мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намуда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

— дида баромадан, тасдиқи барнома ва нақшаи мавзӯъҳои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ, дастурамалҳо, тавсияномаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, барномаҳо ва усулҳои тадқиқот;

— муҳокимаи ҳисоботи корҳои илмӣ-тадқиқотии даврӣ ва солонаи шуъбаю озмоишгоҳҳо;

— муҳокимаи ҳисоботҳои хотимавӣ, барномаҳо, рисолаҳои илмӣ, асарҳои илмӣ, нақшаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, пешниҳодот ва дигар мавод бо масъалаҳое, ки ба ваколати институт дохил мешаванд;

— гузаронидани муҳокимарониҳои эҷодию илмӣ ва масъалаҳои муҳими  рушди илми ветеринарӣ;

— баровардани қарор оид ба пешниҳоди додани унвони илмӣ;

— дида баромадани таклифҳои комиссияи конкурсӣ (муқоисавӣ) дар бораи таъйин намудани ходимони илмӣ ба вазифаҳо мутобиқи муқаррароти мавҷуда;

— дида баромадан ва тасдиқи барномаи корӣ, мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, магистрҳо, докторҳо бо ихтисоси PhD, тасдиқи роҳбари илмии аспирантон ва унвонҷӯён, магистрон, докторҳо бо ихтисоси PhD.

 

Дар маҷмӯъ дар Шӯрои олимони Институти тибби ветеринарӣ фаъолияти озмоишгоҳу шуъбаҳо, барномаҳои корӣ, ҳисоботи фосилавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ва ғ. баррасӣ гардида, тасдиқ мегарданд.