Шуъбаи иттилоот, машварат, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба назорати раванди таълим дар аспирантура ва таблиғи дастовардҳои олимон дар истеҳсолот равобит дорад.
Дар институт ҳамагӣ 10 аспирант, 5 шуъбаи рўзона ва 5 шуъбаи ғоибона, 4 унвонҷўй ва 10 докторант аз рўи ихтисоси 06.02.02 — Микробиологияи ветеринарӣ, вирусология, эпизоотология, микология бо микотоксикология ва иммунология корҳои илмию таҳқиқотӣ мебаранд.
Инчунин бо қарори Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институт Шўрои диссертатсионӣ амал мекунад, ки аспиранту унвонҷўйён метавонанд дифои рисола намоянд.
Шароити иҷои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мувофиқ ба талаботи замон буда бехатарии кор ва ҳолати санитарию гигиенӣ риоя карда мешавад.