Тавсияҳо
Тавсияҳо ба чорводорон:
1. Таъмини самаранокии эмгузаронӣ зидди бемориҳои сироятӣ, ҳамкории мутахассисони соҳаи тибби ветеринарӣ бо мақомоти маҳалии ноҳияҳо ва вилоятҳо.
2. Амалӣ намуданӣ чорабиниҳо бо мақсади ғиҷҷаронӣ кардани чорво дар як сол ду маротиба.
3. Таъмини базаи мустаҳками хурока (беда, тарбеда, хурокаҳои омехта ва витаминдор)
4. Гурўҳбандӣ кардани чорво, ҷудо намудани барраҳо аз мешҳо, инчунин то давраи қучқормонӣ эмгузаронӣ ба муқобили гули бузҳо
5. Ҳангоми рондан ва баъди бозгашт дар минтақаҳои чорвогузар ташкил намудани ҷои обнушӣ, дамгирӣ, инчунин ҳангоми убури ҷойҳои душворгузар воситаҳои махсус (пулҳои махсус), ташкили гузаргоҳҳо бо нўқтаҳои безараргардонӣ ва таъмин намудани гузаргоҳҳо бо мутахасиссони соҳаи ветеринарӣ ҷиҳати пешгирии хавфи пайдоиш ва паҳншавии беморҳо
6. Тайёр кардани базаи хурока дар кашарҳо, тоза намудани оғилхонаҳо ва гузаронидани чорабиниҳои беҳдоштӣ (дезинфексия, дезинсексия, дезакаризатсия, дератизатсия).
Тавсияҳо ба парандапарварон:
1. Назорати фабрикаҳои хурду калони парандапарварӣ аз ворид шудани парандаҳои саҳроии байни табиати вуҳуш ва ҳаёти муқаррарӣ, ки омили сироятпаҳнкунӣ дар байни парандаҳо, ҳайвоноти хонагӣ ва одамон мебошанд;
2. Корҳои пешгирикунанда (профилактикӣ) дар корхонаҳои чўҷабарорӣ, зотафзункунӣ, зотпарварии парандаҳо ва истеҳсоли гўшту тухм.
3. Эмгузаронии саршумори пурраи паранда ба муқобили бемориҳои сироятии табиаташон вирусӣ