Ташкили конференсияҳо ва иштирок дар онҳо. Бо кӯшиши кормандони институт дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 конференсияю семинарҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз қабили «Ташхис ва пешгирии бемориҳои чорвою паранда» баргузор гардиданд, ки дар он олимон аз давлати Македония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва аз Институти умумирусиягии илмӣ – тадқиқотӣ ҳифзи ҳайвоноти Федератсияи Россия ширкат варзиданд. Дар баробари ин кормандони институт дар 320 конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва баромадҳо намудаанд.

 

         Баҳри дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, олимони институт ба воситаи симо 180 маротиба ва 55 маротиба ба воситаи садо оид ба ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои сироятию ғайрисироятии ҳайвонот, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ баромадҳо намудаанд.