Аз натиҷаи гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соли 2019 олимони институт аз ММПИ 6 патент ва 1 хабарномаи мусбӣ оид ба ихтироъ гирифтанд:

  • Премикс «Симурғ», ТJ № 946
  • Премикс барои мурғони кишоварзӣ «Фарбеҳак», ТJ №
  • Премикс «Чўҷаи заррин», ТJ № 948
  • Мавод барои табобати зардпарвини ҳайвонот, № TJ 985
  • “Мавод барои табобати ҳелментозҳои ҳайвонот”, № TJ 1023
  • Маводи зиддимикробии Витагин-2 барои табобати касалии эндометрити модаговҳо
  • Хабарномаи мусбӣ оид ба мавзўи «Тарзи ташхиси тафриқавии бемории сил аз эхинококкози ҳайвонот» гирифта шуданд.
    Инчунин дар соли 2019 аз натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ 1 китоб, 40 мақолаи илмӣ нашр гардида, 10 мақолаи дигар дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба чоп супорида шудаанд.
    Дастур оид ба “Гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди брутселлёзи ҳайвонот” дар Шўрои илмии вазорати кишоварзӣ баррасӣ гардида барои тасдиқ ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
    Китоб дар мавзўи «Кеклики разведение и содержание», дар ҳаҷми 112 саҳифа аз ҷоп баромад.