Дар тӯли 33 соли истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии кишварамон бо институтҳои таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ тавсиа ва густариш меёбад. Дар чорчӯби лоиҳаи миллӣ TAD5006 «Татбиқи усулҳои ядроӣ ва молекулавӣ барои ташхис ва назорати бемориҳои фаромарзии ҳайвонот», ки бо дастгирии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ амалӣ гардид, давраҳои омӯзишӣ бо ширкати коршиносони хориҷӣ дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 август то 6 сентябри соли ҷорӣ идома ёфт. Дар ин давраҳои омӯзишӣ коршиносон Игор Додовский ва Кирилл Кристевский аз Институти илмӣ — таҳқиқотии тибби ветеринарии Македония ва Александр Спригин аз Институти илмӣ — таҳқиқоти хифзи ҳайвоноти Федератсияи Россия ширкат доштанд. Ин коршиносон дар ҳафтаи аввал ба насби дастгоҳҳое, ки аз хориҷи кишвар ба озмоишгоҳи вирусологияи институт ворид шуда буданд, машғул шуданд. Ширкаткунандагони давраҳои омӯзишӣ тарзи истифодаи дурусти дастгоҳҳу таљизотҳоро љиҳати ташхисҳои муосир ва сариваќтии бемориҳои сироятии ҳайвонот, аз он љумла зоонозҳо ва ҳамзамон таҳияи усулҳои пешгирӣ ва мубориза зидди бемориҳоро омӯхтанд. Давраҳои омӯзишӣ дар ду гурӯҳ ҷараён дошт. Дар баробари донишмандон ва муҳаққиқони Институти тибби ветеринарӣ, кормандони озмоишгоҳҳои ветеринарии шаҳру навоҳии кишвар низ ҳузур доштанд. Гурӯҳи якум бо коршиносони хориҷӣ дар озмоишгоҳҳои Институти тибби ветеринарӣ ташхиси бемориҳои сироятӣ дар чорвои хурду калон бо истифода аз усули аксуламали занҷираи полимеразиро (PCR) мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳамчунии гурӯҳи дувум дар озмоишгоҳҳо роҳҳои муайян намудани бемориҳои тоуни чорвои хурд, вабои суму даҳондардро бо истифода аз усули муосири ташхиси имуноферментӣ (ELISA) амалӣ намуданд. Ширкаткунандагони гурӯҳҳо бо кумаки коршиносону муҳаққиқони хориҷӣ дарсҳои назариявиро бо амалия татбиқ карданд.
Бозомўзӣ ва такмили малакаи кории кормандон ба рушди соҳа ва пешгирии бемориҳои чорвою паранда мусоидат намуда, хавфи сироятёбии одамон аз бемориҳои зоонозиро коҳиш медиҳад. Ин иќдом метавонад дар таъмини яке аз стратегияҳои давлатӣ «Таъмини амнияти озуќаворӣ» наќши каллидӣ дошта бошад.