Баргузории курси омӯзиши барои мутахассисони ҷавони Институти тибби ветеринарӣ
Аз 4-ум то 6-уми декабри соли 2024 дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз љониби профессорони Институти илмии ветеринарии Ланчжоуи Чин Фанг Янгсиянг ва Ли Чжаокай барои мутахассисони љавон дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои молекулавӣ дар ташхиси саривақтии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва зоонозҳо” курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Ин курси омӯзишӣ дар доираи созишномаи њамкории байни Институти илмии ветеринарии Ланчжоу, Академияи илмҳои кишоварзии Чин, Донишгоҳи Ланчжоуи Чин ва Институти тибби ветеринарии Академияи илмњои кишоварзии Тоҷикистон барои баланд бардоштани дониши соњавии мутахассисони ҷавони тоҷик барномарезӣ шудааст.
Ҳамзамон аз Институти илмии ветеринарии Ланчжоуи Чин барои ташхиси як қатор бемориҳои сироятии ҳайвонот ва зоонозҳо ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташхисвораҳо дастрас шуд. Ин ташхисвораҳо дар ташхиси саривақтии бемориҳои вирусию бактериологии ҳайвонот нақши муҳим доранд.