Дар бораи мо

Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти рақами 215, аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии  ветеринарии Тоҷикистон ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Вазифаҳои асосии Институт:

 —   таҳрезии усулҳои муосири пешгирӣ ва табобати касалиҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ ва инвазионии чорво;

 —   таҳрезии чорабиниҳои ветеринарию беҳдоштӣ;

 —   таҳрезӣ ва мукаммалгардонии технологияи муосири истеҳсоли маводҳои биологӣ, кимиётерапевтӣ ва диагностикумҳо;

 —   таҳрезии пешниҳодҳои инноватсионӣ доир ба самтҳои асосии тараққиёти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҳалли масъалаҳои илман асосноки техникӣ;

 —   таблиғоти дастовардҳои илмӣ ва истифодаи таҷрибаҳои муосири соҳаи ветеринарӣ;

 —   истифода ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии ветеринарӣ дар истеҳсолот;

 —   тайёр намудани кадрҳои илмӣ.

Институти ветеринарӣ аз 3 озмоишгоҳ ва 3 шуъба иборат аст: озмоишгоҳи вирусология, озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экология, озмоишгоҳи омӯзиши касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, шуъбаи биотехнологияи маводҳои ветеринарӣ, шуъбаи паразитология ва шуъбаи касалиҳои микобактериозии ҳайвонот.

Дар институти ветеринарӣ 68 нафар корманд фаъолият дорад, ки 32 нафарашон ходимони илмӣ  мебошанд. Аз 32 нафар ходимони илм 12 нафар — номзади илмҳои ветеринарӣ, 10 нафар — доктори илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва роҳбарии мавзӯҳои илмиро ба ӯҳда доранд.

==
==