ШУЪБАИ ПАРАЗИТОЛОГИЯ

Таърих

Шӯъба аз соли 1927 ҳамчун озмоишгоҳи ҳелминтология фаъолият кардааст. Аввалин мудирии ин озмоишгоҳро Фалеева Е.С. ва Буров Н.Г. ба уҳда доштанд. Дар омӯзиши эпизотологияи касалиҳои хунӣ хизмати олимон В.Н.Ермешкевич, Э.Т. Бадалов, Р.Х. Нораев, А.Муминов, Ш Розиқов, зиёд мебошад. Аз ҷониби олимони шуъба маводи зидди ҳелментии “Албендазол”-ММ, “Монесид”, “Кумасан”, “мышяковокислый олова” (арсената олова), ваксина барои пешгирии касалии “Сенуроз” ва касалии “Телериоз” инчунин маводи ташхиси эхиноаллерген барои ташхиси касалии эхинококози чорвои калони кишоварзӣ таҳрезӣ карда шуда дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудааст.  Соли 2014 озмоишгоҳ ҳамчун шуъбаи паразитология номгузорӣ карда шуд. Шуъба корҳои илмию таҳқиқотиро оид ба такмил ва амалӣ намудани роҳҳои ташхис, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои бештар паҳншудаи ҳелминтозии чорвои кишоварзӣ, инчунин гузаронидани мониторинги эпизоотологӣ ва коркарди маҷмӯи чорабиниҳо оид ба касалии ҷуфтикунонии аспҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш бурда истодааст.

Вазифаҳо:

  • гузаронидани мониторинги эпизоотологии касалиҳои ҳелминтозии  ҳайвоноти калони шохдор ва ҷуфтикунонии аспон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҷудо ва муайян намудани намуди барангезандаҳои касалиҳои ҳелминтозии чорвои кишоварзӣ;
  • пайдо намудани барангезандаи касалии ҷуфтикунонии аспон;
  • такмил ва коркарди маводҳои пешгирикунанда ва муолиҷавӣ барои касалиҳои ҳелминтозии чорво дар ҶТ;
  • омӯзиши самаранокии маводи ветеринарӣ бар зидди касалиҳои паразитологии чорво;
  • таҳияи дастуру тавсияномаҳо оид ба пешгирӣ ва табобати касалиҳои инвазионии чорво.

Аз ҷониби кормандони озмоишгоҳ 5 панҷ патент гирифта шуда 18 мақолаи илмӣ, 5 тавсиянома ба нашр расонида шудааст.

Сатторов Сулаймон Фаттоҳович

Мудири озмоишгоҳ
Телефон: (+992) 919-13-51-47