ШУЪБАИ КАСАЛИҲОИ МИКОБАКТЕРИОЗИИ ҲАЙВОНОТ

Таърих

Шуъба дар заминаи озмоишгоҳҳои омӯзиши касалии туберкуллёз ва брутселёз соли 2013 таъсис дода шудааст. Самти асосии корҳои илмию таҳқиқотии шуъба аз омӯхтану таҳқиқ намудани хусусиятҳои эпизоотологии микобактерияҳо, таҳияи дастуру тавсияномаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ иборат аст. Шуъба бо лавозимоти  техникӣ, асбобу таҷҳизоти ҳозиразамон қисман таъмин мебошад.

Вазифаҳо:

  • мониторинги эпизоотологии касалиҳои хроникӣ (брутселлёз, туберкулёз) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • омӯзиши манбаҳои касалиҳои микобактериозӣ бо истифода аз усулҳои муосири ҳозиразамон ЕЛАЙЗА;
  • такмил ва коркарди маводҳои ташхисӣ;
  • муайян намудани манбаҳои асосии брутселлаҳо, барангезандаҳои касалии сил ва омилҳои интиқолёбии онҳо;
  • коркарди маҷмӯи чорабиниҳо оид ба солимгардонии хоҷагиҳои чорводорӣ дар ҶТ.

 

Аз ҷониби кормандони шуъба 20 патент, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 10 дастур ва тавсияномаҳо ба нашр расонида шудааст.

 

Ҳабибов Абдуҷалил Халилович

Мудири шуъба
Телефон: (+992) 927-44-68-28