ОЗМОИШГОҲИ ЭКСПЕРТИЗАИ САНИТАРИЮ ВЕТЕРИНАРӢ ВА ЭКОЛОГИЯ

Таърих

Соли 1952 озмоишгоҳ дар ҳайати институт таъсис дода шуда, корҳои илмию таҳқиқотиро доир ба омӯзиши касалиҳои узвҳои нафаскашӣ пеш бурдааст. Соли 1981 озмоишгоҳ ба шуъбаи ветеринарию санитарӣ, амрозию физиологии касалиҳои узвҳои ҷинсии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ табдил дода шуд. Аз соли 2010 ба озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экология номгузорӣ карда шуда, корҳои илмию таҳқиқотиро доир ба ташхиси санитарию ветеринарии маҳсулотҳои ҳайвонот ва таъсирнокии препаратҳои зидди бактериявиро дар табобат ва пешгирии касалии илтиҳоби бачадон дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ гуногун, инчунин ташхиси беҳдошти ветеринарию санитарии гӯшт, шир, маҳсулотҳои хӯрока аз растанӣ истеҳсолшуда ва асалро пеш бурда истодааст.

Вазифаҳо:

  • мониторинги эпизоотологии касалии илтиҳоби бачадони ҳайвони калони шохдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • экспертизаи ветеринарию санитарии маҳсулотҳои хӯрока ва аз растанӣ истеҳсолшуда дар ҶТ;
  • омӯзиши самаранокии маводи биологӣ бар зидди касалии илтиҳоби бачадони модаговҳо;
  • таҳияи тадбирҳои амалӣ доир ба пешгирӣ ва мубориза бо касалии илтиҳоби бачадон.

Дар назди озмоишгоҳ 2 нафар оид ба истифодаи доруи зиддимикробӣ барои муолиҷаи варами бачадон рисолаи докторӣ ва номзадӣ таълиф намуда, бомуваффақият ҳимоя карданд.

Асоев Пайшамбӣ

Мудири озмоишгоҳ
Телефон: (+992) 93-549-37-25