ОЗМОИШГОҲИ ОМӮЗИШИ КАСАЛИҲОИ ПАРАНДА, ЗАНБӮРИ АСАЛ ВА МОҲӢ

Таърих

Озмоишгоҳ соли 1952 ҳамчун озмоишгоҳи омӯзиши касалиҳои паранда таъсис дода шудааст. Аз соли 2005 мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 338 оид ба рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ ва бо қарори Президиуми АИКТ аз 30.09.2005с., таҳти  рақами 50 дар назди озмоишгоҳ бахши омӯзиши касалиҳои занбӯри асал таъсис дода шуд. Аз соли 2010 дар назди озмоишгоҳ боз як бахш оид ба омӯзиши касалиҳои моҳӣ таъсис дода шуд. Аз соли 2013 озмоишгоҳ ҳамчун озмоишгоҳи омӯзиши касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ фаъолият карда истодааст.

Вазифаҳо:

  • мониторинги эпизоотологии касалиҳои вирусии парандагон, касалиҳои бактериявии моҳиҳо ва касалиҳои занбурӯғии занбӯри асал бо такмил додани методҳои ташхисӣ бо истифодаи усулҳои ҳозиразамон;
  • омӯзиши омилҳои пайдоиш, паҳн шудани касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ;
  • ҷудосозӣ ва омӯзиши изолятҳои вирусҳо, бактерияҳо ва занбурӯғҳо;
  • таҳияи тавсияномаҳо доир ба гузаронидани тадбирҳои пешгирикунанда бар зидди касалиҳои сироятии парандаҳо, занбӯри асал ва моҳӣ, роҳҳои мубориза бо онҳо.

Аз ҷониби кормандони озмоишгоҳ 2 патент, зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ, 3 тавсиянома ва 1 китоб ба нашр расонида шудааст. Дар озмоишгоҳ 2 нафар — рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Ҳасанов Фирӯз Давлатович

Мудири озмоишгоҳ
Телефон: (+992) 918-61-83-05