ОЗМОИШГОҲИ ВИРУСОЛОГИЯ

Таърих

     Озмоишгоҳи вирусология ҳамчун шуъбаи эпизоотологӣ соли 1944 таъсис ёфтааст. Аз соли 1966 то соли 1973 ҳамчун шуъба амал карда, аз соли 1973 то ин ҷониб ҳамчун озмоишгоҳи вирусологӣ фаъолият мекунад.

     Самти асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии озмоишгоҳро ташхис, пешгирӣ ва табобати чорвои хурди кишоварзӣ аз касалии гули бузу гӯсфандон ташкил дода, инчунин аз таҳия, коркард ва истеҳсоли ваксина аз штаммҳои таҳҷоӣ иборат мебошад.

Вазифаҳо:

  • мониторинги эпизоотологии касалии гули чорвои хурди шохдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муайян намудани вируси гули бузу гӯсфандон бо усулҳои муосир;
  • санҷиши иммуноферментӣ ва аксуламали занҷираи полимеразӣ (ПЦР);
  • таҳқиқи хусусиятҳои иммунобиологӣ ва генетикии ҳайлаи вируси гули бузу гӯсфанд;
  • таҳияи тадбирҳои амалӣ доир ба пешгирӣ ва мубориза бо касалии вирусии гули бузу гӯсфандон.

 

     Аз озмоишгоҳи номбурда 2 нафар — Назаров С. ва Тураев Р. оид ба касалии гули бузҳо рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Ҳасанов Наҳтулло Раҳматович

Мудири озмоишгоҳ
Телефон: (+992) 988-21-88-88