Натиҷаҳои асосӣ ва дастовардҳои илмӣ:
- тарҳрезии тарзи гирифтани штамми энсефаломиелити сироятии бедонаҳо;
- тарҳрезии ташхиси касалии сил ва тафриқаи микобактерияҳо;
- тарҳрезӣ ва тайер намудани маводҳо аз растанӣ (маводҳои растанигӣ) бар зидди касалии плевропневмонияи бузҳо;
- тарҳрезии доруғилофакҳои омехтаи дар рӯда ҳалшаванда (монесид) барои муолиҷаи касалиҳои ҳелминтӣ;
- тарҳрезӣ ва истеҳсоли эхиноаллерген барои ташхиси тхинококкози чорвои калони кишоварзӣ;
- тарҳрезӣ ва истеҳсоли ваксинаҳои омехта бар зидди салмонеллёзу пастереллёз ва колибактериозу салмонеллёз, ваксинаҳои зидди колебактериоз, пастереллёз, салмонеллёз, сенуроз ва брадзот ва энтеротоксемияи инфексионӣ.
- тарҳрезӣ ва истеҳсоли антибиотикҳои омехтаи “ДС-1100”, “Шодмон”, антигелминтики “Албендазол-ММ” дар намуди хока ва ҳаб (таблетка).
- истеҳсоли “Намитаб-С” барои пешгирӣ ва табобати касалии колибактериоз ва салмонеллёзи гӯсолаҳо ва барраҳо.
Дастовардҳои илман асосноки олимони Институти ветеринарӣ дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ баҳри омӯзиши вазъи эпизоотӣ, ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятии чорвои кишоварзӣ, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ дар амал тадбиқ шуда истодаанд.